ШОҲАСАРИ АДАБИЁТИ ҶАҲОН БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ЧОП ШУД

Май 12, 2010 13:12

Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Иттиҳодияи ҷамъиятии «Истиқбол»-ро оид ба тарҷума ва нашри асари классикии нависандаи машҳури англис Шарлот Бронте «Ҷейн Эйр»-ро аз забони англисӣ ба тоҷикӣ дастгирӣ намуд. Ин лоиҳа хонандаи тоҷикро бо дигар шоҳасари адабиёти ҷаҳон ошно намуда, хазинаи китобхонаҳои тоҷикро боз ҳам ғанитар мегардонад. Рӯзи 11 маи соли ҷорӣ намояндагони созмонҳои марбута, васоити ахбори омма, шоирон ва нависандагон ба маросими  муаррифии ин китоб, ки дар хонаи Иттифоки нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид, ширкат намуданд.     Дар вохурӣ  нависандагон, шоирон ва аҳли ҷомеаи тоҷик миннатдории хешро аз ин лоиҳа баён намудаанд ва онро  ҳамчун яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо барои хонандаи тоҷик баҳо доданд. Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тревор Мур таъкид намуд, ки ин китоб дар музофоти  Ёркшир навишта шудааст, ки он як қисми хушманзара, вале на он қадар бои  Англия буда, ба Тоҷикистон хеле шабоҳат дорад.  Сафир  изҳори боварӣ намуд, ки  китоби «Ҷейн Эйр» хонандагони тоҷик ва англисро ба ҳам наздик менамояд.       Маблағе, ки аз ҷониби сафорати Британияи Кабир ҷудо шудааст имконият дод, ки 5 ҳазор нусха китоби «Ҷейн Эйр» нашр карда шавад. 2.500 нусхаи ин китоб аллакай ба китобхонаҳои ноҳияҳои дурдасти кишвар тақсим шуданд. Маблағ барои чунин лоиҳаҳо  аз буҷаи грантҳои хурди сафорати Британияи Кабир ҷудо шудааст, ки дар давоми соли молиявии гузашта якчанд лоиҳаҳои дигар дар мавзӯъҳои тағйирёбии иқлим, муҳофизати муҳити зист, ҳуқуқи инсон, рушди васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва бунёди шабакаҳои обтаъминкунӣ дар деҳот низ дастгирӣ шудаанд.   

Май 12, 2010 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст