СОКИНОНИ ҒОНЧИРО БА КУҶО МЕКӮЧОНАНД?

Май 12, 2010 13:07

Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар натиҷаи боридани боронҳои шадиду жола  ва омадани сел охири моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияи Панҷакент ва Ғончӣ 13 хона пурра ва 31 манзили истиқоматӣ қисман вайрон  шудааст. Дар ноҳияҳои мазкур инчунин 13 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 7 пул, 8 километр роҳҳои мошингард, беш аз 45 километр хатҳои барқу алоқа зарар дидаанд. Гуфтанист, ки маблағи зарар аз офати табиӣ танҳо дар шаҳри Панҷакент 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.  Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода барои пурра ва саривақт бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳру ноҳияи Панҷакент ва Ғончӣ дастур додааст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд. Ёдовар мешавем, ки дар минтақаҳое, ки соли равон дар ноҳияи Ғончӣ сел хисорот овард, қариб ҳар сол чунин ҳодиса ба қайд гирифта мешавад. Аммо муттассифона мардуми минтақа намехостанд аз хонаҳои бобоии хеш кӯч банданд. Ҳамакнун баъди зарар дидан аз офатҳои пайдарпай 100 оила аз ин мавзеи ноҳияи Ғончӣ изҳори омодагӣ намудаанд, ки ба ноҳияи Зафаробод кӯч банданд.  

Май 12, 2010 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!