СУҒД ДАР КИШТИ ПАХТА ПЕШСАФ АСТ
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дурнамои кишти пахта дар ҷумҳурӣ барои соли ҷорӣ 183 ҳазору 465 гектар (соли гузашта 170 ҳазору 400 гектар) мебошад. Мавриди зикр аст, ки аз аввали мавсим то санаи 24 май 164 ҳазору 458 (89,6%) гектар замини пахта кишт шуда, 150 ҳазору 935 гектари он сабзидааст. Дурнамои кишти заминҳои пахта дар вилояти Хатлон 121 ҳазору 700 гектар буда, аз аввали мавсим то имрўз 101213 (83%) гектар, дар вилояти Суғд низ дурнамо 55000 гектар, аз аввали мавсим 55528 (101%) гектар иҷро шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ дурнамои кишти пахта 6765 гектар аст ва аз аввали мавсим 7717 (114 %) гектар иҷро гардид. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар натиҷаи чорабиниҳои агротехникии хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ то санаи 24 май дар майдони 78254 гектар ягонакунӣ, 100622 гектар коркарди байни қаторҳо, 12619 гектар озуқадиҳӣ ва 63112 гектар оби сабзиш гузаронида шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






