СУҒД ДАР КИШТИ ПАХТА ПЕШСАФ АСТ

Май 24, 2010 17:49

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дурнамои  кишти пахта дар ҷумҳурӣ  барои соли  ҷорӣ  183 ҳазору 465 гектар (соли гузашта 170 ҳазору 400 гектар) мебошад. Мавриди зикр аст, ки аз  аввали мавсим то санаи 24 май 164 ҳазору  458 (89,6%) гектар замини пахта  кишт  шуда, 150 ҳазору 935  гектари он сабзидааст.  Дурнамои кишти заминҳои пахта дар вилояти Хатлон 121 ҳазору 700 гектар  буда, аз аввали мавсим то  имрўз 101213 (83%) гектар,  дар вилояти Суғд низ дурнамо  55000 гектар, аз аввали  мавсим  55528 (101%) гектар иҷро  шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ дурнамои кишти пахта 6765 гектар аст ва аз аввали мавсим 7717 (114 %) гектар иҷро гардид. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар натиҷаи чорабиниҳои  агротехникии хоҷагиҳои  пахтакори  ҷумҳурӣ то  санаи  24 май дар майдони 78254 гектар  ягонакунӣ, 100622  гектар коркарди байни  қаторҳо, 12619 гектар озуқадиҳӣ ва  63112 гектар оби сабзиш  гузаронида  шудааст.

Май 24, 2010 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд