ТАЙЁРӢ БА ИДИ ҒАЛАБА

Май 4, 2010 12:58

Душанбе,  4 май. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина).   —  Мухбири  АМИТ «Ховар»  дар  арафаи  иди  Ғалаба  ва  65 – солагии  ғалабаи  халқҳои  шӯравӣ бар  фашизми  Олмон бо  раиси  Шӯрои  ветеранҳои  ҷангу  меҳнати  Тоҷикистон,  узви  раёсати  Иттифоқи  байналхалқии  «Иттиҳоди   созмонҳои  ҷамъиятии ветеранҳо  ва нафақахӯрони  давлатҳои  мустақил»,   узви  Пленуми   шӯрои  ҳамоҳангсози  Иттифоқи  байналмилалии  нафақахӯрони  ИДМ  Раҳмат  Қудратов  ҳамсӯҳбат  шуд.  Зимни  сӯҳбат  сухан  дар  бораи   нақшаҳои тайёрӣ  ба  иди  Ғалаба  рафт. Р.Қудратов   зикр  намуд, ки  Шӯрои   ветеранҳои   ҷангу  меҳнати  мамлакат   мувофиқи   қарори  ҳукумат   нақшаи  тадбирҳои  идонаро  тартиб  дода  ва  онро ба  ҳамаи ташкилотҳои  маҳаллӣ  фиристодааст.  Аъзои  шӯро  мунтазам   иштирокчиёни  бемору  барҷомондаи  ҷангро  дар  хонаҳояшон  ё  шифохонаҳо  хабар  гирифта,  ба  онҳо то  ҳадди  имкон  кӯмаки  молию  нақдӣ  мерасонанд. Имсол  Ҳукумати  Тоҷикистон 7  нафар  иштирокчии  ҷангро  барои  иштирок   дар  расми  гузашти  низомии  идона  ба  Маскав  мефиристад. Онҳо  Григориӣ  Алексеев,  Зокирҷон  Ниёзов,  Комил  Раҳмонов,   Шамсӣ  Розиқов,  Карим  Сангинов,  Юнус  Юсуфов  ва  Ҷамшед  Юсуфов  мебошанд.  Ҳукумати  Русия  онҳоро  барои  иштирок   дар  расми  гузашти  идона  даъват  кардааст. Иштирокчии  дигари  ҷанг  аз  Тоҷикистон Файзулло  Саидов  бо   даъвати  раиси  шаҳри  Санкт – Петербург  Валентина  Матвиенко  ба  ин  шаҳр  хоҳад  рафт.   Ҳамдиёри  мо  Мирзо  Бегматов  бо  даъвати   Ҳукумати  Фаронса  ба  Париж  меравад. 4  нафари  дигар  — Хаскаш  Абдуллоев,  Халил  Расулов,  Қурбон  Неъматов  ва  Ғаюр  Сафаров  дар  тадбирҳои  идонаи  пойтахти  Украина  —  шаҳри  Киев  ширкат  меварзанд. Бояд  гуфт, ки  бо  фармони  Президенти  Русия  ҳамаи  даъватшудагон  дар  Маскав  аз  ҳамаи  навъҳои нақлиёт,  аз  ҷумла,  нақлиёти  ҳавоӣ,  дарёгард,  роҳи  оҳан  ва  автомобил  бепул  истифода  мебаранд.            Қайд  карда  шуд, ки  дар  Тоҷикистон  ҳам  ба  шарафи иди  Ғалаба   тадбирҳои  гуногун  ба  нақша  гирифта шудаанд. 8  май  дар Боғи  Ғалаба  расми  гузашти   хизматчиёни  ҳарбии  гарнизони пойтахт  гузаронида  мешавад.  Дар  ҳамаи  вилоятҳо  ва  шаҳру  ноҳияҳои  мамлакат   сайру  гаштҳои  идона, консертҳо,  мусобиқаҳои  варзишӣ ва  ғайра  ташкил  карда  мешаванд.

Май 4, 2010 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!