ТАЙЁРӢ БА ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОНИ СОЛИ 2010- 2011

Май 7, 2010 10:45

Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Дар корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии коммуналӣ бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 29 –уми апрели соли 2010 оид ба тайёрӣ ба тирамоҳу зимистони соли 2010 – 2011 нақшаи чорабиниҳоро тартиб дода шудааст. Бино ба гуфти сармуҳандиси ҳоҷагии коммуналӣ, айни замон дар  мувозинати корхонаҳои коммуналии тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 125 адад дегхонаҳо мавҷуд аст, ки   аз онҳо танҳо 5 –тояшон дар ҳолати корӣ ва 44 адад таъмирталаб ва 75 – тои он корношоям мебошанд. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, зимистони соли 2010 ҳамагӣ 5 дегхона дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Темурмалик, Восеъ, шаҳрҳои Хуҷанд ва Зарафшон фаъолият намуданд. Барои зимистони соли 2011 боз 4 дегхона дар ноҳияҳои Ваҳдат, Хуҷанд, Рӯдакӣ ва ноҳияи Ҳисор, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шудаанд, ба истифода дода мешаванд. Боис ба ёдоварист, ки соли 2009 дар 11 ҷаласаи ҳукумати шаҳр оид ба тайёрӣ ба тирамоҳу зимистони соли 2009 – 2010 масъалагузорӣ шуда буд. Аммо ҳамагӣ як қисмати аҳолии шахри Душанбе  2 моҳу 10 рӯз бо оби гарм ва гармӣ таъмин гардиданд, ки он аз  амалӣ нашудани қарори Ҳуумати ҷумҳурӣ аз 29 – уми апрели соли 2009 оид ба тайёрӣ ба тирамоҳу зимистони соли 2010 гувоҳӣ дод.

Май 7, 2010 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд