ВОХ&#1263РИИ ВАЗИРИ ФАР&#1202АНГИ &#1206Т БО ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ ИСЛОМИИ ИЛМ,ФАР&#1202АНГ ВА МАОРИФ

Май 20, 2010 09:12

Душанбе, 20 май.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирўз, 19 май Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ Дабири кулли Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф доктор Абдулазиз ат-Твайҷирӣ, мудири фарҳанг ва равобити ИСЕСКО доктор Наҷиб ал-Ғаётӣ ва дигар намояндагони ИСЕСКО-ро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот Вазири фарҳанг қайд кард, ки ташрифи меҳмонони фахрӣ дар симои доктор Абдулазиз ат-Твайҷирӣ боиси сарфарозии мардуми тоҷик аст. Дар навбати худ дабири кулли Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф қайд кард, ки бо гузаронидани чунин чорабиниҳо мо ба дигар кишварҳо исбот мекунем, ки ҷаҳони Ислом бисёр ҳам ҷаҳони зебо ва бузург аст. «Ин аст, ки эълон шудани соли фарҳанги исломӣ дар Тоҷикистонро ман як чорабинии муҳим ва зарур мешуморам. Зеро дар ҷаҳон  ин кишварро боз ҳам хубтару беҳтар хоҳанд шинохт»,-изҳор дошт Абдулазиз ат-Твайҷирӣ ҳангоми сўҳбат. Дар ҷараёни вохўрӣ ҳар ду ҷониб аз зарурати омўзиши забони арабӣ сухан ронда, қайд намуданд, ки ин забон дар донистани ҷаҳони ислом, таърихи ислом ва фарҳанги ислом нақши муҳим мебозад. Дар вохўрӣ ҳамчунин Президенти академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов ва раиси Шўрои уламои дин Амонулло Неъматзода ҳузур доштанд. Дар ҷамъбаст меҳмонон аз рафти дарси забони арабӣ, ки чанд рўз қабл дар Вазорати фарҳанг кушода шудааст, дидан карданд. Ва Дабири кулли Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф доктор Абдулазиз ат-Твайҷирӣ ба толибилмон таманно кард, ки зимни сафари оянда ҳамроҳаш бе тарҷумон сухан ронанд. Бояд ёдрас шуд, ки маҳз бо ташаббуси доктор Абдулазиз ат-Твайҷирӣ Душанбе соли фарҳанги исломӣ дар соли 2010 эълон гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.          

Май 20, 2010 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид