3 ТОННА БИРИНҶИ ИСТЕҲСОЛИ ЧИН БА СТАНДАРТИ ИСТЕЪМОЛӢ ҶАВОБГӮ НАБУД

Июнь 30, 2010 14:42

Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Кормандони «Тоҷикстандарт» 3 тонна биринҷи истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитойро барои ҷавобгӯ набудан ба талаботи стандартҳои истеъмолӣ нобуд карданд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд, ки директори ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Офтобпараст» шаҳрванди хитой Ҷав ли Мин ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат кардааст, ки сифати маҳсулоти ӯро аз ташхис гузаронанд. Дар вақти санҷиш маълум гашта, ки дар натиҷаи чакидани борон дар анбор 3 тонна биринҷи хитоӣ вайрон шудааст. Баъди тартиб додани санад   3 тонна биринҷ дар ҳузури кормандони «Тоҷикстандарт», Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи ҳифзи табиати шаҳри Душанбе нест карда шуд.                                                                                                                   

Июнь 30, 2010 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад