АНҶУМАНИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁ

Июнь 7, 2010 11:40

Душанбе,  7 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  Дар  арафаи  оғози  мусобиқоти  қаҳрамонии  дастаҳои  футболи  мамлакатҳои  ҷаҳон 8 июн  дар  Ҷумҳурии  Африқои  Ҷанубӣ анҷумани  гайринавбатии  Федератсияи  футболи Осиё  кушода  мешавад.  Дар  он  намояндагони  45  мамлакати  қитъаи  Осиё ширкат  меварзанд.  Пешбинӣ  карда  мешавад, ки дар  анҷуман   бештар  аз  150  намоянда иштирок  хоҳад  кард. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  аз  Тоҷикистон  дар  анҷумани  мазкур   раиси  Федератсияи  футболи  мамлакат  Сӯҳроб  Қосимов,  Муншии  умумии  он  Шералӣ  Давлатов  ва  муовини  раиси  Федератсияи  футбол  Валерий  Турсунов  иштирок  хоҳанд  кард.  Онҳо барои  иштирок  дар  анҷуман  ба  шаҳри  Иоханнесбург  рафтанд. Дар  анҷуман   ба Оинномаи  Федератсияти  футболи  Осиё  тағйироту  иловаҳо  дохил  намуда,  мазмуну  мундариҷаи  он  ба  талаботи  Федератсияи  ҷаҳонии  футбол  мувофиқ  гардонида  мешавад. Сипас  иштирокчиёни  анҷуман  ҳисоботи   раиси Конфедератсияи  Футболи Осиё  Муҳаммад бинни  Ҳаммом  ва  муовини  раиси Федератсияи  футболи  ҷаҳон  Чун Мон Чжунро  баррасӣ  менамоянд. Дар  анҷуман  танҳо  намояндагони   давлати Бруней  иштирок надоранд. Зеро Федератсияи  футболи  Осиё  ин  мамлакатро  барои  дахолати  давлат  ба   корҳои  Федератсияи  футбол  аз  узвияти  хеш  хориҷ  карда буд.  Анҷумани  пештараи Федератсияи  футболи  Осиё соли  2005  дар  Марокаш  баргузор  гардида буд.   Ҳайати  Тоҷикистон ғайр  аз  анҷумани  мазкур   дар  маҷдиси  намояндагони  конфедератсияҳои  миллии  футболи аъзои  Федератсияи  ҷаҳонии  футбол низ ширкат  меварзад.

Июнь 7, 2010 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд