АНҶУМАНИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁ
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар арафаи оғози мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи мамлакатҳои ҷаҳон 8 июн дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ анҷумани гайринавбатии Федератсияи футболи Осиё кушода мешавад. Дар он намояндагони 45 мамлакати қитъаи Осиё ширкат меварзанд. Пешбинӣ карда мешавад, ки дар анҷуман бештар аз 150 намоянда иштирок хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз Тоҷикистон дар анҷумани мазкур раиси Федератсияи футболи мамлакат Сӯҳроб Қосимов, Муншии умумии он Шералӣ Давлатов ва муовини раиси Федератсияи футбол Валерий Турсунов иштирок хоҳанд кард. Онҳо барои иштирок дар анҷуман ба шаҳри Иоханнесбург рафтанд. Дар анҷуман ба Оинномаи Федератсияти футболи Осиё тағйироту иловаҳо дохил намуда, мазмуну мундариҷаи он ба талаботи Федератсияи ҷаҳонии футбол мувофиқ гардонида мешавад. Сипас иштирокчиёни анҷуман ҳисоботи раиси Конфедератсияи Футболи Осиё Муҳаммад бинни Ҳаммом ва муовини раиси Федератсияи футболи ҷаҳон Чун Мон Чжунро баррасӣ менамоянд. Дар анҷуман танҳо намояндагони давлати Бруней иштирок надоранд. Зеро Федератсияи футболи Осиё ин мамлакатро барои дахолати давлат ба корҳои Федератсияи футбол аз узвияти хеш хориҷ карда буд. Анҷумани пештараи Федератсияи футболи Осиё соли 2005 дар Марокаш баргузор гардида буд. Ҳайати Тоҷикистон ғайр аз анҷумани мазкур дар маҷдиси намояндагони конфедератсияҳои миллии футболи аъзои Федератсияи ҷаҳонии футбол низ ширкат меварзад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






