БАДАХШОН БА БОҒИСТОН ТАБДИЛ МЕЁБАД

Июнь 14, 2010 09:24

Хоруғ,  14 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). —  То ҷашни  13 – умин  солгарди  Ваҳдати  миллӣ, ки  имсол  дар  маркази  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  баргузор  мегардад,  рӯзҳои башумор  боқӣ  мондааст. Тайёрӣ ба  ҷашн  дар  саросари  вилоят  бо  ҷӯшу  хурӯш  давом  дорад. Мухбири  АМИТ  «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   дар   вилоят  баробари  бунёди  иншоотҳои  азим  ва   биноҳои  ҷашнӣ   ба  масъалаи   сабзу  хуррам  гардонидани  маҳалҳои  зист, бунёди боғҳо ва  ҷангалзорҳо   диққати  калон  дода  мешавад. Роҳбари раёсати  ҳифзи  муҳити  зисти  вилоят  Мурод  Мирҳасанов   хабар  дод, ки  ба  истиқболи   иди  Ваҳдат  тамоми   маҳаллаҳои  маркази  вилоят  ва   ноҳияҳои  атрофи  он  ободу  зебо  ва  сабзу  хуррам  гардонида  мешаванд. Бо ин  мақсад  аз  ҳисоби  буҷети  маҳаллӣ  аз  гармхонаҳои ноҳияи  Дарвоз   19800  бех  ниҳоли  гул  харида  шуд. Ғайр  аз  ин  бо ташаббуси   мақомоти  ҳокимияти  маҳаллӣ  ва  бо  кӯмаки  молиявии ташкилоти   агроаксияи  Олмон  1400 бех   ниҳоли  арча  харида,  ба  шаҳри  Хоруғ  оварда шуд. Имрӯз  ниҳолҳои  арча  ва   навъҳои   нави  гул кӯчаю  хиёбонҳои  шаҳри  Хоруғро  зеб  медиҳанд. Раёсати  муҳити  зисти  вилоят  ҳамроҳи  мутахассисони  Пажӯҳишгоҳи  набототи  Хоруғ  барои  сабзу  хуррам  гардонидани  маҳалҳои  зист  самарабахш  ҳамкорӣ  мекунанд. То  имрӯз  дар  шаҳри  Хоруғ ва  маркази  ноҳияҳои  вилояти 60  ҳазор  метри  мураббаъ  гулзор,  17  ҳазор  метри  мураббаъ  сабзазор, инчунин   дар  ноҳияҳои  дигар  74  гектар  боғи  нав  бунёд  карда,   24  гектар   боғи  кӯҳна  барқарор  намуда ва  116  гектар  ҷангалзор  бунёд  карда  шуд.  То рӯзи  ҷашн  ба  Хоруғ  аз  ноҳияи  Ҳисор  боз 4  ҳазор  бех  ниҳоли  дарахтони  ороишӣ  оварда  мешавад. Инчунин  бо ташаббуси  Ҷамъияти  дӯстдорони  табиат  ҳар  ҳафта  дар   соҳили  дарёҳо  шанбегиҳо  ташкил  намуда,  аз  партовҳои  гуногун  тоза  карда  мешаванд.

Июнь 14, 2010 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!