БАДАХШОН БА БОҒИСТОН ТАБДИЛ МЕЁБАД
Хоруғ, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — То ҷашни 13 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ, ки имсол дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад, рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Тайёрӣ ба ҷашн дар саросари вилоят бо ҷӯшу хурӯш давом дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вилоят баробари бунёди иншоотҳои азим ва биноҳои ҷашнӣ ба масъалаи сабзу хуррам гардонидани маҳалҳои зист, бунёди боғҳо ва ҷангалзорҳо диққати калон дода мешавад. Роҳбари раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мурод Мирҳасанов хабар дод, ки ба истиқболи иди Ваҳдат тамоми маҳаллаҳои маркази вилоят ва ноҳияҳои атрофи он ободу зебо ва сабзу хуррам гардонида мешаванд. Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ аз гармхонаҳои ноҳияи Дарвоз 19800 бех ниҳоли гул харида шуд. Ғайр аз ин бо ташаббуси мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва бо кӯмаки молиявии ташкилоти агроаксияи Олмон 1400 бех ниҳоли арча харида, ба шаҳри Хоруғ оварда шуд. Имрӯз ниҳолҳои арча ва навъҳои нави гул кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хоруғро зеб медиҳанд. Раёсати муҳити зисти вилоят ҳамроҳи мутахассисони Пажӯҳишгоҳи набототи Хоруғ барои сабзу хуррам гардонидани маҳалҳои зист самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. То имрӯз дар шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳои вилояти 60 ҳазор метри мураббаъ гулзор, 17 ҳазор метри мураббаъ сабзазор, инчунин дар ноҳияҳои дигар 74 гектар боғи нав бунёд карда, 24 гектар боғи кӯҳна барқарор намуда ва 116 гектар ҷангалзор бунёд карда шуд. То рӯзи ҷашн ба Хоруғ аз ноҳияи Ҳисор боз 4 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ оварда мешавад. Инчунин бо ташаббуси Ҷамъияти дӯстдорони табиат ҳар ҳафта дар соҳили дарёҳо шанбегиҳо ташкил намуда, аз партовҳои гуногун тоза карда мешаванд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






