«БАРҚИ ТОҶИК» ҚАРЗРО БАР МЕГАРДОНАД

Июнь 10, 2010 08:18

Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ширкати холдинги «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров, нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда -1» аз рӯзи оғоз ба кор то 1-уми январи соли 2010 барқистифодабарандагонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 124 млн. сомонӣ, ки наздик ба  30 млн.  доллари амрикоиро ташкил медиҳад,  қарздор намудааст. Роҳбарияти ин нерӯгоҳи тобеи Федератсияи Русиябуда,  ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2009 аз он ибрози ақида карда буд, ки дар сурати напардохтани ҳаққи истифодаи барқ нерӯгоҳро аз кор боз медоранд. Соли ҷорӣ аз рӯи гуфти раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдуло Ёров, ҳолати кор  дар шакли беҳтар тағйир ёфтааст. Ҷадвали баргардонидани қарз тартиб дода шудааст ва он то охири соли 2011 амалан иҷро карда мешавад.  

Июнь 10, 2010 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!