БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

Июнь 15, 2010 17:07

Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 14 июни соли равон дар вақти гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии 2-и ноҳияи Сино, шаҳрванд Абдуҳамид Каримови 50 — сола, истиқоматкунандаи пойтахт, дастгир карда шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ   аз борхалтаи А. Каримов 2 кг 764 гр маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин дар вақти гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Давлатбек Қурбонови 33 — сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, пеш бо моддаи 228 КҶ ФР доғи судӣ дошт, дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахси аз борхалтаи ӯ 1 кг 750 гр маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин шахсони номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.   

Июнь 15, 2010 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!