БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 14 июни соли равон дар вақти гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии 2-и ноҳияи Сино, шаҳрванд Абдуҳамид Каримови 50 — сола, истиқоматкунандаи пойтахт, дастгир карда шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи А. Каримов 2 кг 764 гр маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин дар вақти гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Давлатбек Қурбонови 33 — сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, пеш бо моддаи 228 КҶ ФР доғи судӣ дошт, дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахси аз борхалтаи ӯ 1 кг 750 гр маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин шахсони номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






