ЧОРАБИНИҲОИ ЧАШНӢ БАХШИДА БА ИДИ КАСБӢ
Душанбе 4 июн, (АМИТ «Ховар» Бекназар Абубакр).-Ҳар сол якшанбеи аввали моҳи якуми тобистон дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони савдо, хизматрасонии маишӣ ва кормандони соҳаи коммуналӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни имсола ба 6 июн рост омадааст. 2 июн Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо намояндагии муовини якуми раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳимҷон ӣброҳимов ва кумитаи тадорукоти чорабиниҳо масъалаи дар сатҳи баланд гузаронидани ин идро мавриди муҳокима қарор доданд. Хизматҳои ҳаррӯзаи кормандони савдо ва хизмати маиширо ба назар гирифта, барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин иди касбӣ чорабиниҳои гуногуни ҷашнӣ доир хоҳад шуд. Бахшида ба ин рӯз дар боғи марказии фарҳангу фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ барномаи консертӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадии шаҳру вилоят баргузор мегардад. Дар ин бора аз кумитаи тадорукоти чорабиниҳо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






