ДОНИШҶӮЁН ДАР САҲНАИ ТЕАТР

Июнь 2, 2010 16:18

            Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ).- Хатмкунандагони соли панҷуми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода асарҳои саҳнавии «Гирдоби бало» ва «Кӯдакии Мушфиқӣ»-ро дар театри ба номи Владимир Маяковский пешниҳоди тамошобинон мегардад.              Муаллифи асари «Гирдоби бало» драманависи машхури рус А. Островский буда, тарҷумаи он ба қалами Аълохон Афсаҳзод таалуқ дорад. «Кӯдакии Мушфиқӣ» асари Темур Зулфиқоров аст, ки Муҳаммадзамони  Солеҳ тарҷума ва таҳия кардааст.             Ин асарҳо таҳти роҳбарии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова ва муаллимаи калони кафедраи маҳорати актёрӣ Нигина Раҷабова ба саҳна гузошта шуда, нақшҳои асосиро донишҷӯёни соли панҷуми шӯъбаи актёрии  Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон иҷро мекунанд.             Мавриди ёдоварист, ки саҳнаҳои «Гирдоби бало» 3 июн соати 17/00 ва «Кӯдакии Мушфиқӣ» рӯзи 7 июн соати 17/00  намоиш дода мешаванд.        

Июнь 2, 2010 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!