Э. РАҲМОН ДАР МАҶМААИ ШИФОБАХШӢ-САЙЁҲИИ ГАРМЧАШМАИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

Июнь 29, 2010 10:19

Бегоҳии рўзи 25-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи шифобахшӣ-сайёҳии Гармчашмаи ноҳияи Ишкошимро, ки дар ҷойи собиқ осоишгоҳи Гармчашма бо тарҳу нигоҳи замонавӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ намуд. Дар доираи омодагӣ ба солгарди 13 – уми Ваҳдати миллии Тоҷикистон  дар ҷойи собиқ осоишгоҳи Гармчашма бо харҷи 10 миллион сомонӣ 5 бинои нави иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бисёр шароити дигари табобат, фароғат ва саёҳат бунёд ёфтааст. Яке аз 5 бинои нав меҳмонхонаи Сомон ТМ бо тамоми шароити замонавӣ мебошад, ки ба қабули ҳама гуна меҳмонони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла меҳмонони олимақом мутобиқ аст. Як бинои нави фароғатию табобатӣ бо шароити пешқадами замонавӣ бунёд ёфта, биноҳои пешина мавриди навсозӣ қарор гирифтаанд. Маҷмааи варзишии Гармчашма иборат аз майдончаҳои баскетбол, волейбол ва теннис буда, хеле зебо ва мутобиқ ба талаботи мизоҷони соҳибзавқ бунёд ёфтааст. Дар паҳлўи он ҳамчунин майдончаҳои  офтобдиҳии бадан алоҳида барои занон ва мардон мавҷуданд. Маҷмааи шифобахшӣ-сайёҳии Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим ҳамчунин дорои сомонаи интернетии garmchashma.tj мебошад, ки барои ҷалби сайёҳон ва эҳтиёҷмандони дохилию хориҷӣ омода гаштааст ва дар он тамоми иттилооти заруриро дар бораи кор ва шароити ин маҷмаа пайдо кардан мумкин аст. Маҷмаа ҳамчунин якчанд микроавтобус дорад, ки барои аз фурўдгоҳи шаҳри Хорўғ ба Гармчашма ва баръакс аз ин ҷо  то фурўдгоҳ дастрас намудани мизоҷон ва бо хатсайрҳои сайёҳӣ гардондани сайёҳон  пешбинӣ шудаанд. Имкониятҳои табобатию истироҳатии обҳои шифобахш ва табиати биҳиштосои ин мавзеъ ҳеҷ эҳтиёҷ ба тасвиру муаррифӣ надоранд, зеро ки манфиати фавқулоддаи онҳо натанҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дуру наздики хориҷӣ маъруфу машҳур аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 29, 2010 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад