Э. РАҲМОН ПЕШНИҲОД НАМУД, КИ …
Душанбе, 8 июн. (АМИТ “Ховар”, Лутфия Эшонулова).-Зимни суханронии худ дар Конфронси байналхалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об-барои ҳаёт” 2005-2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои нимаи дуюми Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти “Об-барои ҳаёт” як қатор пешниҳодот карда, гуфт, ки як зумра мушкилоти иқтисодӣ мавҷуданд, ки монеаи асосии ҳалли масъалаҳои об мегарданд. Аз ин лиҳоз мо бояд эҳтиёҷоти махсуси кишварҳои ақибмонда ва кишварҳои ба баҳр роҳи баромад надоштаро баррасӣ намоем.Ба масъалаҳои ҳамлу нақли бемамониати молҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои фақр, мубориза бо фалокатҳои табии, дастгирии соҳаи тандурустӣ, маориф , кам кардани маблағи қарзи кишварҳои қашшоқ, бахшидани қарзҳои расмии дуҷониба, инчунин кӯмаки бештари расмӣ бо мақсади инкишоф ба кишварҳое, ки кам кардани сатҳи камбизоатиро мароми хеш қарор додаанд мусоидат намудан зарур аст. “Вобаста ба ин, имрӯз бояд беш аз ҳарвақта, мо дар амалҳои якҷояи хеш ӯҳдадориҳоямонро оиди шарокати глобалӣ, ки мо дар Эъломияи Ҳазорсола ба зимма гирифтаем, сармашқи кори худ қарор диҳем. Тағйироти глобалии иқлим, ки солҳои охир ба назар мерасад ва равандҳое, ки онро ҳамроҳи менамоянд, барои зиндагии миллионҳо нафар дар масъалаҳои таъмини об ва маводи ғизоӣ душворӣ пеш меорад, вале аз он бештар аз ҳама табақаҳои камбизоати аҳолӣ зарар мебинанд. Дар робита ба ин, Тоҷикистон ҳамчун ташабускори Даҳсолаи байналмилалии об барои зиндагӣ дар давраи солҳои 2005-2015 пешниҳод менамояд, ки нимаи дуюми Даҳсола ба иҷрои тадбирҳои мушаххас дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ оиди таъмини табақаҳои камбағалтарини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва шароити заминавии санитарӣ бахшида шавад, -афзуд Сарвари давлат. Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки баргузории мулоқот дар сатҳи олӣ, моҳи сентябри соли 2010, оиди масъалаи мақсадҳои рушд, ки дар Эъломияи Ҳазорсола ифода ёфтаанд, ҳамчунин руйдоди муҳими таърихӣ дар таҳлили амалисозии Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар 5 соли гузашта хоҳад буд. Тоҷикистон ният дорад ҳамроҳи кишварҳои дигари аъзо ва муассисаҳои СММ дар вохӯрии моҳи сентябр дар сатҳи олӣ натиҷаҳои Конфронси имрӯза ва чорабиниҳои дигари байналмилалиро оиди масъалахои об ва санитарӣ пешниҳод намояд. “Илова бар ин, мо мақсад дорем, ки минбаъд дар чорчӯбаи Конфронси СММ оид ба масъалаҳои рушди устувор (РИО+20), ки соли 2012 баргузор мегардад, инчунин вохӯриҳои дигари сатҳи олӣ дар баробари масъалахои дигари муҳимтарини замони ҳозира масъалаи обро низ ба миён гузорем. Дар ин самт мо ба дастгирии кишвархои мӯҳтарами аъзои СММ ва созмонҳои байналмилалӣ умед мебандем. Умедворам, ки мусофирати ҳамаи Шумо дар мамлакати мо гуворо хоҳад буд ва дар конфронс фаъолонаю самарабахш иштирок хоҳад кард”, -гуфт дар хотима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон .








Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад






