ЭЙ СОРБОН, ОҲИСТА РОҲ
Файзобод, 14 июн. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Тайи солҳои охир нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд ба назар мерасад,ки ин аз сатҳи беҳтаршавии зиндагии имрӯза дарак медиҳад. Мутаассифона имрӯзҳо аз сабаби пурра надонистани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ронандагон як қатор садамаҳои нақлиёти аз ҷониби кормандони БДА ба қайд гирифта мешавад. Ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иҷрокунандаи вазифаи сардори ШБД-и ноҳияи Файзобод Зафар Саидов иттилоъ дод,ки давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи мазкур 274 адад ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Бояд қайд кард,ки сабаби асосии рӯх додани садамаҳо бисёртар аз ҷониби ронандагони камтаҷриба ба амал меояд,ки то имрӯз -21 нафар дар ҳолати мастӣ,-16 нафар бе рақами давлатӣ. Дар давоми соли ҷорӣ, дар натиҷаи бемасъулиятии баъзе ронандагон -6 нафар ҷароҳати вазнин бардошта -1 нафар ҷони худро аз даст дод. Сабаби асосиро кормандони БДА-и ноҳия дар баланд намудани суръати нақлиёт,нодуруст идора намудан ва надонистани қоидаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон,шарҳ медиҳанд,гуфт дар анҷоми сӯҳбат Зафар Саидов.