ИҚДОМИ НАВИ «АГРОИНВЕСТБОНК» БАХШИДА БА РӮЗИ КӮДАКОН

Июнь 1, 2010 13:10

Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии  «Ҳифзи кӯдакон» ҶСК «Агроинвестбонк» дар кӯдакистони махсусгардонидашудаи бемориҳои чашми рақами 42-и ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе 28 нафар писарони бепарастори ин кӯдакистонро тӯи хатнасур кард, ки дар он зиёда аз 200 нафар кӯдаконе, ки ба бемории чашм гирифторанд иштирок намуданд. Дар маросими кушодашавии ин маърака  мушовири раиси «Агроинвестбонк» Баҳром Шарипов иброз дошт, ки имрӯз Раёсати бонк баҳри  хурсандии ин тифлакон ин маъракаро орост, то ки инҳо бесаробонии худро ҳис накунанд. «Агроинвестбонк» ба ғайр аз парастишгоҳҳое, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сарпарастии бонк гузоштааст, ашхоси алоҳида, шахсони ҳуқуқӣ, чамъиятҳою ташкилотҳо, иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, маъюбон, шахсони бепарастормонда, пирон ва ба аҳолии камбизоат низ ёрӣ мерасонад. Ин иқдом ҳам идомаи мантиқии ин кӯмакҳост», — гуфт Б. Шарипов. Мавриди зикр аст, ки кӯдакистони махсусгардонидашудаи бемориҳои чашми рақами 42-и ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе бо қарори Ҳукумати мамлакат зери сарпарастии Кумитаи телевизион ва радио буда, дар он 200 нафар кӯдакони гирифтори бемориҳои чашм тарбият мегиранд. Онҳо мунтазам аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ табобат мегиранд. Бояд гуфт, ки дар соли 2008 «Агороинвестбон» ба маблағи умумии 80 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонидааст, дар соли 2009 бо сабаби таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ расонидани кӯмак коҳиш ёфта, 40 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз аввали соли 2010 то имрӯз ин маблағ ба 20 ҳазор сомонӣ расид. Дар баробари ин, ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Кӯлоб ҶСК «Агроинвестбонк» тасмим гирифтааст, ки 8 манзилӣ истиқоматӣ сохта, бо лавозимоти лозима таъмин намуда, ба истифода диҳад. Ёдовар мешавем, ки дар радифи ҶСК «Агроинвестбонк», имрӯз Ҷамъияти Хилоли Аҳмари Тоҷикистон низ ба ин 28 нафар кӯдакистони махсусгардонидашудаи бемориҳои чашм 28 адад рахти хоб бо тамоми ҷиҳозаш тақдим намуд.

Июнь 1, 2010 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад