ИФТИТОҲИ БИНОИ ҶАШНИИ АМОНАТБОНК ДАР НОХИЯИ РОШТҚАЛЪА

Июнь 29, 2010 16:51

Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар маркази ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бинои нави Шӯъбаи №78-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумхурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кушода шуд. Маросими кушодашави дар доираи чорабиниҳои таҷлили ҷашни Вахдат миллӣ ва ташрифи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба навоҳии ВМКБ сурат гирифт. Президенти ҷумҳурӣ ба кормандон ва мутахассисони бонки мазкур, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти бонки  дастуру супоришҳо дод. Дар чорабинӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Кенҷаевна ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд. Бинои бонк аз даҳ ҳуҷраи корӣ, толори амалиётӣ ва дигар утоқҳои хизматрасон иборат буда, бо технологияи нави муосир муҷчаҳаз гардонида шудааст. Сохтмон ва муҷҷаҳазонидани бино аз ҳисоби маблағҳои худи бонк амалӣ шуда, 1 миллиону 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  Дар Шуъба 21 нафар кормандон ва мутахассисон фаъолият намуда, тамоми деҳоти ноҳияи мазкурро бо хизматрасониҳои бонкӣ аз қабили пардохти нафақа, қабули маблағҳои коммуналӣ, қабули пасандозҳои ахолӣ, пешниҳоди қарзҳо, хизматрасонии буҷа ва ғайрахо, фаро мегирад.

Июнь 29, 2010 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад