ИМЗОИ БАРНОМАИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУАССИСАИ РУШДИ СММ
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев ҳамроҳи мудири иҷроияи Муассисаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ростислав Врбенский дар Душанбе барномаи навро таҳти унвони «Имкониятҳои рушди инсонӣ дар Тоҷикистон» имзо намуданд. Барои иҷрои барномаи мазкур бештар аз 500 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда мешавад. Имзои барнома шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар масъалаи истифодаи имкониятҳои рушди инсонӣ сари вақт иҷро менамояд. Ҳадафи асосии барнома амалӣ сохтани нақшаҳои марбут ба имкониятҳои рушди инсонӣ дар тамоми зинаҳо мебошад. Барномаи нав ба тартибу таҳияи ду ҳисоботи миллӣ дар бораи рушди инсонӣ, ташкили маркази нави имкониятҳои рушди инсон ва ба роҳ мондани омӯзиши фани алоҳида дар бораи рушди имкониятҳои инсонӣ дар яке аз донишгоҳҳои маҳаллӣ равона карда мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






