ИМЗОИ БАРНОМАИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУАССИСАИ РУШДИ СММ

Июнь 7, 2010 16:50

Душанбе,  7 июн. (АМИТ «Ховар»,  Бекназари  Абубакр). — Имрӯз Вазири  рушди  иқтисод  ва  савдои  Тоҷикистон  Фаррух  Ҳамралиев   ҳамроҳи   мудири  иҷроияи   Муассисаи  рушди  СММ дар  Тоҷикистон  Ростислав  Врбенский  дар  Душанбе  барномаи  навро  таҳти  унвони  «Имкониятҳои рушди  инсонӣ  дар  Тоҷикистон»  имзо намуданд.  Барои  иҷрои  барномаи  мазкур  бештар  аз  500  ҳазор  доллари  ИМА  ҷудо  карда  мешавад.   Имзои барнома  шаҳодат  медиҳад, ки  Тоҷикистон  ӯҳдадориҳои   худро  дар  масъалаи  истифодаи   имкониятҳои  рушди  инсонӣ  сари вақт  иҷро  менамояд. Ҳадафи  асосии  барнома   амалӣ  сохтани   нақшаҳои  марбут  ба  имкониятҳои   рушди  инсонӣ   дар тамоми  зинаҳо  мебошад.  Барномаи  нав  ба  тартибу таҳияи  ду  ҳисоботи  миллӣ  дар  бораи  рушди  инсонӣ,  ташкили   маркази   нави   имкониятҳои рушди  инсон   ва  ба  роҳ  мондани омӯзиши  фани  алоҳида  дар  бораи рушди  имкониятҳои  инсонӣ  дар  яке  аз  донишгоҳҳои   маҳаллӣ  равона  карда  мешавад.  

Июнь 7, 2010 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад