ИШТИРОКИ 250 НАФАР СОҲИБКОРОНИ АФҒОН ДАР АНҶУМАНИ ТИҶОРАТӢ

Июнь 17, 2010 10:58

Душанбе, 17 июн. (НИАТ «Ховар», Марзия Саидова). — 65 ширкати истеҳсолию саноатии афғонӣ дар дуюмин намоишгоҳи пешрафтҳои  иқтисодии Афғонистон дар Душанбе маҳсулоти худро ба маърази тамошо ва фурӯш мегузоранд. Назар ба иттилои атташеи тиҷоратии Сафорати Афғонистон дар Душанбе Наҷибулло Раҳимӣ,  намоишгоҳ  рӯзҳои 25-27 июн дар Муҷтамеи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мешавад. Наҷибулло Раҳимӣ афзуд, ки ҳадафи намоишгоҳ тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамҷавор- Тоҷикистон ва Афғонистон буда, он метавонад дар муаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои саноатию истеҳсолии Афғонистон дар Тоҷикистон мусоидат намояд. Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳ бо ибтикори палатаҳои савдою саноати Тоҷикистон ва Афғонистон ташкил карда шуда, дар он молҳои саноатӣ, саноеъи дастӣ, хӯрокворӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.  Дар доираи баргузории намоишгоҳ дар меҳмонхонаи «Hayat Regency» мулоқоти доираҳои тиҷоратии ҳар ду  кишвар бо иштироки 250 нафар соҳибкору сармоягузори Афғонистон   барпо мегардад, ки дар он масъалаҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ Тоҷикистон ва Афғонистон ва дурнамои он дар шароити феълӣ баррасӣ мегардад. Ҳайати соҳибкорону тоҷирони Афғонистонро дар намоишгоҳ Вазири тиҷорати ин кишвар Ғуломмуҳаммади Айлокӣ ва дигар намояндагони баландпояи ин кишвар роҳбарӣ менамоянд. Атташеи тиҷоратии Сафорати Афғонистон дар Душанбе афзуд, ки новобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар соли 2009 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Афғонистон 72 миллион долларо ташкил дода буд.  

Июнь 17, 2010 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад