КӮДАКОНУ НАВРАСОН ИСТИРОҲАТ МЕКУНАНД?

Июнь 29, 2010 09:30

Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино ба иттилои кормандони масъули Вазорати  маориф, соли ҷорӣ беш аз 500 ҳазор кӯдакону наврасон бояд дар истироҳатгоҳои тобистона дам гиранд ва саломатии худро барқарор намоянд. Бо ин ақсад 690 лагерхои меҳнатии наздимактабӣ, 150 лагерҳои беруназшаҳрӣ ва даҳҳо лагерҳои тандурустӣ фаъолият мекунанд. Ин рақамҳо касро водор месозад, ки ба ташкилкунандагони истироҳати тобистонаи бачагон аҳсант хонад. Аммо дуруст аст, ки  дар ҳақиқат беш аз 500 ҳазор мактаббачагон дар фасли тобистон истироҳат мекунанд? Барои аниқ сохтани ин рақам ду мактаби миёнаи таълимоти умумӣ  (52 — 20)-ро дар шаҳри Душанбе, ки наздик ба 3 ҳазор хонанда доранд,  мавриди санҷиш қарор дода шуданд ва маълум гардид, ки аз ҳарду мактаб  ҳамагӣ 35 нафар хонанда ба лагерҳои тобистона фаро гирифта шудаанд, ки инҳо ҳам фарзандони одамони доро мебошанд. Аз ҷумлаи  350 нафар муаллимони ин ду мактаб ягон нафар барои барқарор сохтани саломатиаш бо сабаби баланд будани нархи истироҳатгоҳҳо, ки барои 12 рӯз аз 750  то 1450 сомонӣ муқаррар гардидааст, ба курорту санаторияҳо нарафтаанд. Пас саволи  матраҳ ин аст, ки дар сурати истироҳат накардани хонандагону муаллимон аз онҳо дониш талаб кардан дуруст аст?

Июнь 29, 2010 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид