КӮМАКИ ТОҶИКИСТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН
Маскав, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди ҳукумати Тоҷикистон ба котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ хабар дод, ки Тоҷикистон ба аҳолии бар асари бетартибиҳои оммавӣ ва муноқишаҳои байни қавмҳо зарардидаи қисмати ҷанубии Қирғизистон кӯмаки башардӯстона расонд. Аз ҷумла, аз Тоҷикистон ба Қирғизистон 100 тонна орд, 30 тонна биринҷ, 10 тонна макарон, 10 ҳазор литр равғани наботӣ, 10 тонна картошка, 10 тонна пиёз, 10 ҳазору 235 литр сӯзишвории дизелӣ фиристода шуд. Маблағи умумии кӯмаки башардӯстона қариб 80 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






