МУЛОҚОТИ А. ДОСТИЕВ БО САФИРИ АЛБАНИЯ

Июнь 7, 2010 09:19

Душанбе,  7 июн. (АМИТ «Ховар»,  Наталя  Михайлова). —  Сафири  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Абдулмаҷид  Достиев  чанд  рӯз  пеш дар  Маскав  бо  хоҳиши  сафири  Ҷумҳурии  Албания дар  Федератсияи  Русия Сокол Гиок  бо  ӯ  мулоқот  кард. Сафири  Албания дараҷаи баланди  ташкил  ва гузаронидани  маҷлиси   37 – уми  Шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷии   давлатҳои  аъзои  Созмони   конфронси  исломиро  дар  Душанбе   зикр  намуд, ки  аз  18  то  20  майи  соли  равон  баргузор гардида буд.  Сафир  ба  ҷониби  Тоҷикистон  барои ташкили мулоқоти ҳайати  мамлакаташ  бо  роҳбарияти  мамлакат  изҳори  сипос  намуд. Сафирони  Тоҷикистону  Албания   дар  бораи  вазъияти  имрӯзаи  иҷтимоию  иқтисодии  мамлакатҳояшон  ба  ҳамдигар  маълумот  дода,  инчунин   масъалаҳои густариши  ҳамкориии  дуҷонибаро  баррасӣ  намуданд.  

Июнь 7, 2010 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!