МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ЖОАО ГОМЕШ КРАВИНЮ

Июнь 8, 2010 18:03

8 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Португалия Жоао Гомеш Кравинюро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла норасоии оби тоза дар бисёр минтақаҳои сайёра, истифодаи сариштакорона ва босамари захираҳои обию энергетикӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Португалия баррасӣ шуд. Таҷрибаи Португалия дар ҳаллу фасли баҳсҳои обӣ бо ҳамсоягонаш баҳри дарёфти роҳҳои барои ҳама мақбули истифода аз захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муфид арзёбӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки дар замони татбиқи даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2005-2015 эълон гаштааст, бояд масоили ҳадафҳои рушди ҳазорсола доир ба дастрасӣ ба оби тоза ҳалли худро ёбанд. Зимни баррасии масоили ҳамкории дуҷонибаи Котиби давлатии Португалия Жоао Гомеш Кравиню омодагии кишварашро баҳри бо Тоҷикистон ба имзо расондани созишнома оид ба бекор кардани андозбандии дукарата таъкид намуд, ки ба ташвиқи соҳибкорони Португалия ба  сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Точикистон равона хоҳад шуд. Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки Португалия омода аст, дар сармоягузории лоиҳаҳои судманди Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи гидроэнергетика ва истеҳсоли нерўи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда иштирок намояд.  Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба як қатор масоили дигари вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 8, 2010 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид