О.О&#1178ИЛОВ:&#1202АМО&#1202АНГСОЗИИ КОРИ МА&#1178ОМОТИ АНДОЗ-ОМИЛИ АСЛИИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН&#1202О

Июнь 3, 2010 14:27

Душанбе,  3 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари  Абубакр). -Имрўз дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 17-уми Шўрои  ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ҷумҳуриҳои узви  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 25-уми Шўрои  роҳбарони мақомоти андози кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия  баргузор гардид. Дар  ифттитоҳи  кори  ҷаласаи  аввал Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов  иштирок ва сўханронӣ карда, аз номи Ҳукумати  ҷумҳурӣ   роҳбарони ҳайатҳои меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Оқил Оқилов дар сўханронии худ ба нақши мақомоти андоз дар раванди густариши ҳамгироӣ  ва рушди  устувори иқтисодиёти  давлатҳои узви иттиҳодҳои мазкур баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ҳамбастагию ҳамоҳангсозии кори мақомоти андоз метавонад омили асосии  пешбаранда ва  нуфузбахшандаи фаъолияти созмону ташктлотҳои бузург, бахусус ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия гардад. Сипас, роҳбарони ҳайатҳои  иштирокчии  ҷаласаи 17-уми Шўрои  ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ҷумҳуриҳои узви  ИДМ ва ҷаласаи 25-уми Шўрои  роҳбарони мақомоти андози кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия  сўханронӣ карда масъалаҳои  рўзномаи кории ҷаласаҳоро мавриди муҳокимаю  баррасӣ қарор доданд. Дар  ин  маҷлисҳо  масъалаҳои  марбут ба  иҷрои  қарорҳои қаблан қабулгардида муҳокима шуда, таҳлили   натиҷаҳои  фаъолияти  муассисаҳои  андоз,  дастраси  ҳамдигар  гардонидани таҷрибаҳои  муфид,  усулҳои  сабти  номи  андоздиҳандагон,  афзун  гардонидани  масъулияти  Шӯрои роҳбарони  мақомоти  андоз,   таҳлили  тадбирҳои  назоратӣ  нисбати   субъектҳои   соҳибкории  хурд,  муҳокимаи  нақшаи  фаъолияти  Шӯрои  роҳбарони  муассисаҳои  андози  Иттиҳоди   иқтисодии  ЕврАзия  дар  соли  2010  ва  ғайра  таҳлилу баррасӣ шуд. Иштирокчиёни ҷаласа дар хотимаи кори он оид ба нақшаҳо ва фаъолияти минбаъдаи мақомоти андоз дар доираи узвият ба ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия   қарорҳои  дахлдор қабул намуда, бо натиҷаҳои қаноатбахш  кори ҷаласаҳоро анҷом бахшиданд.

Июнь 3, 2010 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!