О.ОҚИЛОВ:ҲАМОҲАНГСОЗИИ КОРИ МАҚОМОТИ АНДОЗ-ОМИЛИ АСЛИИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОНҲО
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). -Имрўз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 17-уми Шўрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 25-уми Шўрои роҳбарони мақомоти андози кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия баргузор гардид. Дар ифттитоҳи кори ҷаласаи аввал Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов иштирок ва сўханронӣ карда, аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳбарони ҳайатҳои меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Оқил Оқилов дар сўханронии худ ба нақши мақомоти андоз дар раванди густариши ҳамгироӣ ва рушди устувори иқтисодиёти давлатҳои узви иттиҳодҳои мазкур баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ҳамбастагию ҳамоҳангсозии кори мақомоти андоз метавонад омили асосии пешбаранда ва нуфузбахшандаи фаъолияти созмону ташктлотҳои бузург, бахусус ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия гардад. Сипас, роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи 17-уми Шўрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ҷумҳуриҳои узви ИДМ ва ҷаласаи 25-уми Шўрои роҳбарони мақомоти андози кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия сўханронӣ карда масъалаҳои рўзномаи кории ҷаласаҳоро мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор доданд. Дар ин маҷлисҳо масъалаҳои марбут ба иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардида муҳокима шуда, таҳлили натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои андоз, дастраси ҳамдигар гардонидани таҷрибаҳои муфид, усулҳои сабти номи андоздиҳандагон, афзун гардонидани масъулияти Шӯрои роҳбарони мақомоти андоз, таҳлили тадбирҳои назоратӣ нисбати субъектҳои соҳибкории хурд, муҳокимаи нақшаи фаъолияти Шӯрои роҳбарони муассисаҳои андози Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия дар соли 2010 ва ғайра таҳлилу баррасӣ шуд. Иштирокчиёни ҷаласа дар хотимаи кори он оид ба нақшаҳо ва фаъолияти минбаъдаи мақомоти андоз дар доираи узвият ба ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия қарорҳои дахлдор қабул намуда, бо натиҷаҳои қаноатбахш кори ҷаласаҳоро анҷом бахшиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






