ОББОЗӢ КАРДАН ХАТАРНОК ШУД

Июнь 25, 2010 07:27

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 23 июни соли равон ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи «Мехкарер»-и деҳаи Чимтеппа, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор, Тиллоев Меҳроҷиддин, соли таваллудаш 1992, аз беэҳтиётӣ ғарк шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Дустмурод Забиров иттилоъ дод, ҷасади М. Тиллоевро аз тарафи наҷотдиҳандагони Кумита худи ҳамон рӯз дарёфт карданд. Боиси тазаккур аст, ки аз аввали мавсими гармиҳо дар ҷумҳурӣ якчанд ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Бинобар ин, Кумита аз шаҳрвандони Тоҷикистон тақозо дорад, ки барои ҳимояи ҳаёти шахсии худ ва наздиконашон ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ дар наздикии дарёҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда, аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунанд, — гуфт Д. Забиров.       

Июнь 25, 2010 07:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!