ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Шӯрои ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ Ҷаҳон Полиева аз Минск ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки иштирокчиёни маҷлиси машваратии ҳамоҳангсози намояндагони мамлакатҳои ИДМ дар пойтахти Белорусия масъалаи ҳар сол муайян кардани пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муҳокима намуданд. Пойтахти фарҳангии давлатҳои ИДМ аз соли 2011 сар карда, муайян карда мешавад. Ҷ.Полиева изҳор намуд, ки соли 2011 дар қаламрави ИДМ Соли мероси таърихию фарҳангӣ эълон карда мешавад. Инчунин, соли оянда таҳияи феҳрасти ёдгориҳои таърихию фарҳангии ИДМ давом дода хоҳад шуд. Намояндагони мамлакатҳои ИДМ 19 июн дар Минск инчунин баъзе натиҷаҳои соли илм ва технологияҳои навро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар доираи Соли илм ва технологияҳои навтарин тӯли моҳҳои оянда анҷумани панҷуми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори давлатҳои ИДМ, анҷумани навоварони ҷавони мамлакатҳои ИДМ, ҷашнвораи илм ва ҷамъомадҳои дигари муҳим ба нақша гирифта шудаанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






