РАИСИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУОВИНОНАШ АЗ НАВ ДАР ВАЗИФААШОН ТАСДИҚ ГАШТАНД

Июнь 30, 2010 13:50

Душанбе, 30 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки 30 июн таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир шуд,  дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, муовинонаш Юсуфиён Ҷамшед, Малоҳат Холиқзода ва Тӯрақул Ҳақназаров аз вазифаашон озод карда шуда, дубора ба вазифаҳояшон таъин гардиданд. Зимни шарҳи Фармони Президенти мамлакат намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумъахон Давлатов гуфт, ки мақсад аз озод ва дубора ба вазифаҳояшон тасдиқ кардани Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ,  ин  ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллӣ» мебошад.

Июнь 30, 2010 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад