РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО СОЗМОНИ ОЗУҚА ВА КИШОВАРЗӢ (ФАО)
Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо ёрдамчии директории генералӣ, намояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва дафтари минтақавии Созмони озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) дар Будапешт, хонум Френандо Гусриер ва ҳамоҳангсози Барномаи ФАО- и СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Насим Ҷавод вохӯрӣ намуд. Вазир зимни вохӯрӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба бо Созмони озуқа ва кишоварзӣ ( ФАО)-и СММ, ки дар рушди соҳаи кишоварзии ҶТ кӯмакҳои зиёд мерасонад, изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон, вазир дар ин вохӯрӣ иброз дошт, ки саҳми ин созмони бонуфузи байналмиллалӣ дар доираи ҳамкорӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи аграрӣ хеле калон аст. Созмони озуқа ва кишоварзӣ дар давоми солҳои 1996- 2009 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ барои амалӣ гардидани барномаҳои кишоварзӣ 13 млн. 160 ҳазор доллар кӯмак намудааст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






