ШАҲРВАНДОН ОЗ ОБИ ИШОМИДАНИ ТАНҚИСИ МЕКАШАНД
Кӯлоб, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Сокинони ҷамоти деҳоти « Зарбдор»- и ноҳияи Кӯлоб тӯли панҷ сол аст, ки аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Раиси ҷамоати мазкур Амирхон Ҳамидов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки 308 хоҷагии Файзобод, 206 хоҷагии Бештигирмон, 130 хоҷагии Бештигирмони поён ва 135 хоҷагии ба номи Мадином Ибронов аз оби ошомиданӣ танқисӣ кашида, имрӯз ягон нуқтаи оббтаъминкунӣ дар ин деҳот мавҷуд нест. Сабаби нарасидани оби ошомиданӣ фаъол набудани насосҳои обкашӣ ва аз кор баромадани қубурҳо мебошад. «Барои барқарор кардани насосҳо ва қубурҳои обкашӣ маблағи зиёде лозим меояд, ки то аҳолӣ аз ин мушкилот раҳо ёбанд. Масъулини ҷамоат дар якҷоягӣ бо сафоратхонаи Ҷопон мувофиқи лоиҳа дар се деҳа нуқтаи оббарорӣ ташкил намуда, нақша доранд аҳолии деҳаҳои номбаршударо низ дар соли ҷорӣ бо оби ошомидани таъмин намоянд», — афзуд раиси ҷамоат.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






