СОХТМОНИ НЕРӮГОҲИ ХУРДИ БАРҚӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Июнь 1, 2010 11:04

Душанбе,  1 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих ). —  Давлат  ва  Ҳукумати  Тоҷикистон ба  масъалаи  сохтмони  нерӯгоҳҳои  хурди  барқӣ  дар  минтақаҳои  гуногуни  мамлакат  аҳамияти  махсус  медиҳанд. Аз  дафтари  матбуоти  ширкати  саҳҳомии «Барқи  тоҷик»  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  айни  ҳол  дар  ноҳияи  Айнӣ   сохтмони  нерӯгоҳи  хурди барқии  «Марзич»  давом дорад. Тибқи  нақша  сохтмони   нерӯгоҳ  то  охири  сол  анҷом  меёбад. Иқтидори  лоиҳавии  он   4 мегаватт  мебошад, ки  ин ба  96  ҳазор  киловатт — соат  баробар  аст. Ин  имкон  медиҳад, ки   аҳолӣ,  корхонаю  муассиса  ва ташкилотҳои  маркази  маъмурии  ноҳияи  Айнӣ  бо  қувваи барқ  пурра  таъмин  карда  шаванд. Аз  рӯи  маълумоти  Ширкати  саҳҳомии  «Барқи  тоҷик»  соли 2009 дар  мамлакат  50 нерӯгоҳи  хурди  барқӣ  сохта  шудааст.

Июнь 1, 2010 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!