СОХТМОНИ НЕРӮГОҲИ ХУРДИ БАРҚӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат аҳамияти махсус медиҳанд. Аз дафтари матбуоти ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки айни ҳол дар ноҳияи Айнӣ сохтмони нерӯгоҳи хурди барқии «Марзич» давом дорад. Тибқи нақша сохтмони нерӯгоҳ то охири сол анҷом меёбад. Иқтидори лоиҳавии он 4 мегаватт мебошад, ки ин ба 96 ҳазор киловатт — соат баробар аст. Ин имкон медиҳад, ки аҳолӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои маркази маъмурии ноҳияи Айнӣ бо қувваи барқ пурра таъмин карда шаванд. Аз рӯи маълумоти Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» соли 2009 дар мамлакат 50 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта шудааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






