ТӮИ СУННАТИИ ФАРЗАНДОНИ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ

Июнь 2, 2010 09:56

Хоруғ, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев). —  Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳру  ноҳияҳои  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон барои расонидани  кӯмак  ба оилаҳои  кмбизоат  аз тамоми  имкониятҳо  истифода  мебаранд.  1  июн  дар  маркази  ноҳияи  Ишкошим  ба  шарафи  Рӯзи  байналмилалии  ҳифзи  кӯдакон  тӯйи  суннатии  36  нафар   фарзандони  оилаҳои  камбизоат  ва бесаробон ташкил  карда шуд. Маблағи  хароҷоти  маърака  бештар  аз  7  ҳазор  сомониро ташкил  дод, ки  аз  ҳисоби   маблағи   буҷети  маҳаллӣ  ва  вилоятӣ  пардохта  шуд. Тӯи  суннатии  фарзандони  хонаводаҳои  камбизоат бошукӯҳ ва  хотирмон   гузашт.  Дастаҳои  ҳунарии  маҳаллӣ  хотири  ҷамъомадагон  ва  иштирокчиёни тӯйро  шод  гардонданд. Намояндагони  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  маҳаллӣ ба  бачагон   тӯҳфаҳои  қиматбаҳо  тақдим  намуданд.  

Июнь 2, 2010 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!