ТАЙЁРӢ БА ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА

Июнь 1, 2010 08:43

Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ  ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соли ҷорӣ ҳангоми таътили тобистона беш аз 100 нафар хонандагони муассисаи таълимии «литсей – интернати  касбии махсуси маъюбони вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дамгирӣ  ба истироҳатгоҳи «Коргарҷавонон»-и Ромит фаро гирифта мешаванд. Аз ҳисоби  100 нафар истироҳаткунандагон 20 нафарашон варзишгароне ҳастанд, ки нафақат дар мусобикаҳои ҷумҳуриявӣ, балки дар мусобиқаҳои умумиҷаҳонии  олимпиадаи махсуси варзишгарони нуқсони ҷисмонӣ дошта, дар кишварҳои Ирландия, Қазоқистон, Италя, Эрон ва давлати Ҷопон ғолибият ба даст оварда, соҳиби медалҳои тилло гардидаанд. Боиси тазаккур аст, ки литсей-интернати  мазкур дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад, ки имрӯзҳо садҳо хатмкунандагони он дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият мекунанд.  

Июнь 1, 2010 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!