ТАЙЁРӢ БА ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соли ҷорӣ ҳангоми таътили тобистона беш аз 100 нафар хонандагони муассисаи таълимии «литсей – интернати касбии махсуси маъюбони вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дамгирӣ ба истироҳатгоҳи «Коргарҷавонон»-и Ромит фаро гирифта мешаванд. Аз ҳисоби 100 нафар истироҳаткунандагон 20 нафарашон варзишгароне ҳастанд, ки нафақат дар мусобикаҳои ҷумҳуриявӣ, балки дар мусобиқаҳои умумиҷаҳонии олимпиадаи махсуси варзишгарони нуқсони ҷисмонӣ дошта, дар кишварҳои Ирландия, Қазоқистон, Италя, Эрон ва давлати Ҷопон ғолибият ба даст оварда, соҳиби медалҳои тилло гардидаанд. Боиси тазаккур аст, ки литсей-интернати мазкур дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад, ки имрӯзҳо садҳо хатмкунандагони он дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






