УСУЛИ НАВИ НИГОҲ ДОШТАНИ ГАРМӢ

Июнь 3, 2010 10:20

Душанбе,  3 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Созмони  экологии  «Замини  хурд» пешниҳод  мекунад, ки  барои  муддати  тӯлонӣ  нигоҳ  доштани  гармӣ  дар   дохили  биноҳо  шишаи  махсуси нигаҳдорандаи гармӣ  истифода бурда шавад. Мудири  иҷроияи   созмон Темур  Идрисов  зикр  кард, ки  дар  Тоҷикистон  ва  хусусан  пойтахти он  – шаҳри  Душанбе ба  мавриди  истифода  қарор  додани роҳу  воситаҳои  нигоҳ доштани гармӣ  умуман  таваҷҷӯҳ  зоҳир  карда  намешавад.  Аз  ин  рӯ дар  пойтахти  мамлакат  масрафи   гармӣ  дар  як  метри  мураббаъ   нисбат ба   мамлакатҳои  Аврупо  5  маротиба   бештар  гармӣ  сарф  карда  мешавад.  Т.Идрисов   зикр  намуд, ки   қисми  зиёди  гармии  дохили  ҳуҷраҳо  маҳз  ба  воситаи тиреза  хориҷ  мегардад.  Бинобар  ин   зимни  сохтмони  биноҳо ба   сифат  ва  хусусияти  тиреза   диққати  махсус  додан  лозим  аст.  Вақтҳои  охир  мардум  бештар  — тирезаҳои  пластикиро  истифода  мебаранд. Ҳол он  ки   тирезаҳои  пластикӣ  низ  воситаи  нигаҳдорандаи  гармӣ  нестанд. Темур  Идрисов   изҳор  намуд, ки   ин  масъаларо  бо  роҳи  истифодаи  шишаҳои  махсуси  сарфакунандаи   гармӣ  ва   нигаҳдорандаи он ҳал  кардан  мумкин  аст. Яъне  зимни  сохтани  тирезаи  биноҳо шишаҳоеро  истифода бурдан  лозим  аст, ки  ба  онҳо  маҳлули   махсуси  дорои электронҳои  озоди  фулузоти ранга  пошида  шудаанд. Чунин  шишаҳо  дар  фасли  зимистон  гармиро  дар  дохили  ҳуҷра  муддати тӯлонӣ  нигоҳ медоранд. Дар  фасли  гармо бошад,   шишаҳои  мазкур   мавҷи  гармии  беруниро  инъикос  намуда,  дохили  ҳуҷраро  салқин  мегардонанд. Чунин   шишаҳо  солҳои охир  дар   баъзе  мамлакатҳои  Ғарб  истифода  бурда  мешаванд.

Июнь 3, 2010 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд