ҶАЛАСАИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ МУБОРИЗА БО МАВОДИ НАШЪАОВАР ДАР ДУШАНБЕ

Июль 1, 2010 16:33

Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 2 июли соли 2010 ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) таҳти раёсати Директори Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи мухаддир Виктор Иванов доир мегардад. Тавре аз дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ иттилоъ доданд, қарор аст дар ҷаласа масъалаҳои инкишофи минбаъдаи Шӯрои роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ бо сохторҳои созмонҳои минтақавӣ, таъсиси гурӯҳи кории Шӯрои роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар мавриди татбиқи фаврӣ, тасдиқи нақшаи тақвимии омодагӣ ба амалиёти фаврӣ-пешгирикунандаи «Канал — 2010» баррасӣ мегардад. Бояд қайд кард, ки 1 июли соли равон мулоқоти Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо Директори Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи мухаддир Виктор Иванов баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавиро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, чораву тадбирҳо барои пешгирӣ аз қочоқи воситаҳои нашъаовар аз Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.   Дар ҷаласа Котиби генералии СПАД Николай Бордюжа, роҳбарони мақомоти салоҳиятдории Арманистон, Тоҷикистон, Беларусия, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин роҳбарони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ  ширкат меварзанд.       

Июль 1, 2010 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад