&#1206ОМИ ПРЕЗИДЕНТИ КФО: »ВАХШ» ДАР &#1178УВВАОЗМОӢ БО СО&#1202ИБОНИ МАЙДОН БАРОБАР МЕШАВАД

Июль 12, 2010 17:00

Душанбе 12 июл (АМИТ »Ховар», Пайрав Назаров).Чемпиони амалкунандаи Тоҷикистон дар риштаи футбол дастаи «Вахш» дар бозии  шашуми Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо соҳибони майдон дастаи «Яданарбон»-и Мянма қувва меозмоянд. Иштирокчии ягона дар шаш бозии Ҷоми КФО чемпиони Қирғизистон тими «Дордой» дар нимфинал 2010 бо тими МТТУ аз Туркманистон бозӣ мекунад. Чунин  аст ҷамъбасти қуръапартоии даври ҳалкунандаи Ҷоми президенти КФО , ки  рӯзи  якшанбе баргузор гардид.Хотиррасон менамоем , ки  бозии сеюми мусобиқаи қоравии клубҳо аз 24  то 26 сентябр дар Мянма баргузор мегардад. Бозиҳои нимфиналӣ ва финал дар Маркази  солимгардонии ҷавонони Янгон мегузарад. Рӯзи ҷумъа, 24 сентябр аввалин шуда дастаҳои «Вахш» ва «Яданарбон» ба майдон  мебароянд. Бегохии ҳамон рӯз баъдан барои ба финал баромадан тимҳои «Дордой» ва МТТУ қувва меозмоянд. Пас  аз ду  рӯз финал баргузор мегардад .  Қуръапартоӣ  аз ҷониби  семинари  кории футболи  касбӣ  гузаронида шудааст. Маърӯзачиени он директори мусобиқаҳои  КФО  Токуаки Сузуки ва менеҷери рушди  КФО  Мақсат Қличмамедов буданд.    

Июль 12, 2010 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад