160 000 СОМОНӢ КӮМАКИ ЭРОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 7 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 160 ҳазор сомонӣ кӯмак расонд. Кӯмаки мазкур асосан аз маводи хӯрока, маводи шустушӯӣ, либосу пойафзол барои кӯдакон ва кампал иборат буда, он тавассути кормандони Кумита дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба зарардидагон дастрас гардид. Раиси намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки кӯмакҳо дар асоси омӯзиши вазъи рӯзгори зарардидагон ва эҳтиёҷи онҳо ба маводи ғизоӣ ва либосу пойафзол расонида шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






