4260 НАФАР БЕМОРИ СИЛ ДАР ҶУМҲУРӢ

Июль 14, 2010 15:12

Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ  4260 нафар бемори сили фаъол ба қайд гирифта шуд, ки  3365 нафарашон бори аввал ошкор шудаанд, зикр намуд дар нишасти матбуотӣ Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов.  Инчунин ӯ қайд намуд, ки дар маҷмӯъ  нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 214 нафар бемор зиёд ба қайд гирифта шуда, беморони бори аввал ошкоршуда бошад 159 нафар зиёд гаштаанд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил дар деҳаи Қарағоч ва Оқмазори ноҳияи Ҳамадонӣ ба 806 нафар кӯдакони  то сини 14 сола ташхиси туберкулинӣ гузаронида  шуда, дар 665 нафар  ташхис натиҷаи мусбат нишон дод. Сироятёфтагон баъди бо усули рентгенӣ соқит кардани сили фаъол ба табобати пешгирикунанда  бо доруҳои зиддисилӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон 1679 нафар аҳолии ноҳияи Восеъ, 429 нафар аҳолии ноҳияи Ҳамадонӣ алоқамандони сил ва гурӯҳҳои зери хавф аз муоинаи флюорографӣ гузаронида  шуда, 285 нафар гумонбар ба сил дарёфт гардид ва айни замон гузаронидани муоинаи  иловагӣ барои аниқ кардани сили фаъол давом дорад, -қайд намуд Н. Салимов.

Июль 14, 2010 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд