АМАЛӢ ШУДАНИ ДАСТУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Июль 7, 2010 10:24

Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Баъди гузаштан ба лампаҳои каммасраф шикояти шаҳрвандон нисбат ба  сифати чунин лампаҳо зиёд гардид. Маълум шуд, ки баъзе тоҷирони ватанӣ барои ворид сохтани фурӯзонакҳои каммасраф ба корхонаҳои кооперативии давлатҳои истеҳсолкунанда дархост пешниҳод намуда, лампаҳои арзони каммасрафро вориди Тоҷикистон мекардаанд. Тибқи дастури Сарвари давлат, барои таъмини аҳолӣ бо лампаҳои каммасраф дар қаламрави кишвар корхонаҳои тавлиди чунин лампаҳо ба роҳ монда мешаванд. Чунин як корхона дар заминаи супориши Сарвари давлат дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд ба истеҳсоли фурӯзонакҳои арзишашон нисбат ба маҳсулоти хориҷӣ арзон   шурӯъ кард. Бино ба иттилои дастгоҳи раиси вилояти Суғд,  алҳол корхонаи истеҳсолкунандаи лампаҳои каммасрафи шаҳри Чкалов дар як моҳ 150 ҳазор фурӯзонакҳои каммасраф истеҳсол менамояд. Боис ба ёдоварист, ки  бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 75 ҳазору 800 оилаҳои камбизоати шаҳру навоҳии  ин вилоят 606 ҳазору 400 дона лампаҳои каммасраф ба таври ройгон тақсим шуданд. Акнун бо ёрии мутахассисони чинӣ аввалин корхонаи истеҳсолкунандаи лампаҳои каммасраф бунёд гардид ва барои рақобатпазирии бозори дохилӣ бунёди боз   чанд корхонаи истеҳсолкунандаи лампаҳои каммасраф зарур аст.

Июль 7, 2010 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад