БОЗДИДИ САРДОРИ ДАВЛАТ АЗ НОҲИЯҲОИ РУДАКӢ ВА ҲИСОР

Июль 16, 2010 14:59

16 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рўдакӣ ва Ҳисор дидан карда, бо роҳбарону фаъолон ва кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд. Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии Фирдавс 2001 – и ноҳияи Рўдакӣ оғоз ёфт. Чунонки маълум шуд, хоҷагӣ дорои 74 га замини кишт ва 40 аъзо буда, дар 38 гектараш пахта, 31 гектар ғалладона ва дар боқӣ заминҳо дигар зироатҳо кишт намудаанд. ҳоло баъди ҷамъоварии ҳосили ғалладона ба роҳ мондани кишти такрорӣ идома дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳосилнокии пасти гандум аз заминҳои обӣ, суст ба роҳ монда шудани кишти такрорӣ ва босамар истифода нашудани заминҳои корам изҳори норозигӣ кард. Чунонки иттилоъ дода шуд, то имрўз дар ноҳияи Рўдакӣ дар майдони ҳамагӣ 2 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст, ҳол он, ки дар нақша 5 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст. Аз ҳар гектар замини гандуми обӣ 35 сентнериӣ ҳосил рўёнда шудааст, ки хеле кам аст. Тибқи талаби Президенти мамлакат, ҳосили гандум аз заминҳои обӣ бояд на камтар аз 50-60 сентнер аз ҳар гектар бошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон истифодаи васеъ аз тухмиҳои хушсифатро талаб намуда, таъкид дошт: «ҳар тухмии гандум, ки дар замини обӣ аз 50 – 60 сентнер кам ҳосил медиҳад, бояд кишт карда нашавад». Дар ҳамин хоҷагӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва техникаи гуногуни коркарди замин дидан кард. Дар ин ҷо анвои гуногуни техникаи муосир, аз ҷумла комбайн, трактор, тухмипошакҳо ва ғайра ба намоиш гузошта шуда буданд. Таваҷҷўҳи бештар ба тракторҳои ХТЗ – и истеҳсоли корхонаи тракторбарории Харкови Украина ва ЮТО – и Ҷумҳурии Мардумии Чин зоҳир карда шуд, ки кори деҳқонону механизаторҳоро хеле сабук намудаанд. Тракторҳои хурдакаки каммасраф низ, ки барои хоҷагиҳои хурди инфиродию оилавӣ пешбинӣ шудаанд, мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифтанд.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои хоҷагӣ, ки аксаран занону духтарон буданд ва бо пирони кордону рўзгордида сўҳбатҳои ҷолиб анҷом дод. Дар сўҳбат бо замбўрпарвари соҳибтаҷриба Мамадалӣ Ширалиев маълум шуд, ки ў соли гузашта аз 180 оилаи замбўр 2 тонна асал ҷамъоварӣ намудааст. ҳар сол то 20-30 оилаи замбўри асалро низ бо нархи 200-250 сомонӣ ба фурўш мебарорад. Мамадалӣ Ширалиев аз ривоҷу равнақи бесобиқаи соҳаи замбўрпарварӣ дар солҳои охир изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, ки ин пешравӣ маҳз бо дастгирӣ ва тарғиби бевоситаи Сарвари давлат имконпазир гаштааст. Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии тухмипарварии Латиф Муродови ноҳияи ҳисор дидан кард. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки хоҷагӣ дорои 1613 гектар замини кишт буда, аз он дар 788 гектар ғалладона кишт намудаанд, ки боиси хеле кам шудани майдони кишти пахта гаштааст. Аз ҳар гектар замини гандум ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил рўёнда шудааст, ки асосан натиҷаи боронҳои шадиду жола бошад ҳам, барои хоҷагии тухмипарварӣ нокифоя аст. Аз 5 ҳазор гектари нақша танҳо дар 3 ҳазору 200 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин нишондодро нокифоя арзёбӣ карда, изҳори нигаронӣ намуд, ки онҳо нақшаро иҷро карда наметавонанд, зеро то анҷоми мўҳлати кишти такрорӣ ҳамагӣ ду ҳафта муҳлат боқӣ мондааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар чанд қитъаи заминҳои ин хоҷагӣ ба кишти картошка, лўбиёи сафеди маҳаллӣ ва моши навъи Тоҷикистон оғози расмӣ бахшида, изҳори умед намуд, ки қафомонӣ аз иҷрои нақшаи кишти такрорӣ бартараф карда мешавад. Дар ноҳияи ҳисор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.  Дар машварат, ки бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифт, роҳбарону фаъолон ва кишоварзони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз Турсунзода то Ҷиргатол даъват шуда буданд. Дар суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва зимни ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи онҳо дар нимсолаи якуми соли равон ва рафти корҳои кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла рафъи қафомонӣ аз нақшаи кишти такрорӣ ва босамар истифода бурдан аз ҳар ваҷаб замини корам вазифаҳо муайяну мушаххас карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июль 16, 2010 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!