ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК НБО – И КАЛОНТАРИНИ ЧИНРО ТАМОШО КАРДАНД

Июль 7, 2010 12:18

Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар»). —  Донишҷӯёни тоҷик  Шедфар  Лиқоев  ва  Накҳат  Назриева,  ки  дар  Донишгоҳи  давлатии  Пекин  таҳсил  мекунанд,  дар  озмуни  донандагони  беҳтарини  муносибатҳои  Тоҷикистону  Чин  ғолиб  омаданд.  Озмун  бо ташаббуси  сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Чин  баргузор  гардид. Аз  сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Пекин  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  ғолибони озмун  нерӯгоҳи дар  миқёси  ҷаҳон  калонтарини  Чин —  НБО «Седара» — ро  тамошо  карданд, ки  он дар  шаҳри Ичан  сохта шудааст. Ш.Лиқоев  таассуроташро   аз  тамошои  нерӯгоҳ  баён  карда, зикр  намуд, ки  Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  моҳи  январи  соли  2007  ба  ин  ҷо ташриф оварда буд.  Нерӯгоҳи  барқи обии  «Седара» баъди  бо  иқтидори  пурра  ба  кор  даромадан  дар  як  сол  84,68  миллиард  киловатт —  соат  қувваи барқ  истеҳсол  хоҳад  кард. Бояд  гуфт, ки  гузарондани  озмунҳо  дар байни  донишҷӯёни тоҷик дар  Пекин  ба  ҳукми  анъана  даромадааст.  Соли  2009 чунин як  озмун  ба  мавзӯи  об  ва  гидроэнергетика  бахшида шуда буд.

Июль 7, 2010 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд