ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ДОНИШИ ХУДРО САЙҚАЛ МЕДИҲАНД
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Аз 6 то 21 июл ду нафар хонандагони мактаб-интернати миёнаи мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З.Шаҳидӣ Некрӯзи Абдураҳмон ва Синои Умарбек барои гирифтани дарси маҳорат дар бахши скрипка, ки ҳамасола дар лагери эҷодӣ дар шаҳри Суздали Федератсияи Русия баргузор мегардад, ба он ҷо сафар хоҳанд кард. Хонандагонро дотсенти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Рауф Сангинов роҳбарӣ менамояд. Бояд тазаккур дод, ки хонандагони тоҷик дар ин ҷо аз беҳтарин устодони мусиқии Русия нозукиҳои навохтани скрипкаро омўхта таҷрибаи донишомўзии худро сайқал хоҳанд дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоь доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






